- хабар
- [خبر]а1. огоҳӣ, дарак, иттилоъ2. матлабе, ки барои огоҳии умум дар матбуот, радио ва ғ. дода мешавад3. грам. он ҷузъи ҷумла, ки кору ҳаракат, амалу ҳолат ё чигунагии муносибати мубтадоро ифода мекунад; аз ҷиҳати сохту таркиб ва воситаи ифода хелҳои гуногун дорад: хабари сода, хабари таркибӣ, хабари феълӣ, хабари номӣ ва ғ. ; хабар гирифтан аҳвол пурсидан, сиҳату саломатии касеро ҷӯё шудан; хабар додан дарак додан, огоҳ кардан; хабар доштан огоҳ будан, дараки чизеро донистан; хабар ёфтан огоҳ шудан, донистан, фаҳмидан, иттилоъ пайдо намудан; хабар кардан а) огоҳ кардан, дарак додан ба касе чизеро; б) даъват кардан, ҷеғ задан, таклиф намудан; хабар кашидан матлаберо ба касе расондан, суханчинӣ кардан, сухани касеро ба назди касе рафта гуфтан; хабар овардан матлаберо ба касе расондан; хабар расонидан касеро аз коре огоҳ сохтан, хабари чизеро ба касе дарак додан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.